ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ВКД ҶТ, зани 41-солаи сокини ноҳияи Ҳисор бо гумони муомилоти ғайриқонунии металлҳои қимматбаҳо дастгир шуд.
Бино ба иттилоъи манбаъ, ҳангоми ҷустуҷӯ дар хонаи истиқоматии ин зан 4,09-грамм металли рангаш зард, дарёфт ва мусодира гардидааст.
Мувофиқи маълумотномаи нозироти давлатии Иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, металли гирифташуда, хуллаи металли тилло буда, арзишаш 1 ҳазору 208-сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин қазия парвандаи ҷинояӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.