Муовини сарвазир муносиботи иқтисодии Тоҷикистону Чинро баррасӣ кард

© Фото : Аз равобити умумии ВКХ ҶТМуовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим
Муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шаҳри Лянюнгани Чин даври панҷуми Форуми ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ доир гардид. Ҳайъати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ муовини сарвазир Азим Иброҳим роҳбарӣ кард

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар ҳошияи ҳамин Форум Азим Иброҳим бо муовини раиси Кумитаи умумичинии Шӯрои мардумии сиёсӣ ва машваратӣ Ван Тсинмин ва раиси музофоти Ҷиансу У Чжэнлуну раиси шаҳри Лянюнган Сианг Суэлонг дидор ва мулоқот кард.

Дар рафти суханронии муовини сарвазири Тоҷикистон дар Форум ва дар вохӯриҳои дуҷонибаи зикршуда ҳолати ҳозира ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Чинро баррасӣ кард.

Манбаъ меафзояд, ки аз ҷумла масъалаҳои таҳким ва тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи шарикии стратегӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки иқтисодӣ, ҳамкориҳои байниминтақавӣ, тақвияти робитаҳо дар соҳаи маориф ва фарҳанг мавриди таваҷҷуҳ қарор дода шуданд.  

Пештар хабар дода будем, ки бархе аз коршиносон зиччии муносиботи Тоҷикистону Чинро хатарзо гуфтанд.

Коршиноси масоъили сиёсӣ Хурсанд Хуррамов муътақид аст, ки вобастагии рӯзафзуни Тоҷикистон ба вомҳо ва эътиборҳои молии Чин дар оянда барои ин кишвар хатарсоз хоҳад буд.

Хурсанд Хуррамов дар мусоҳибае бо Дафтари гузоришҳои таҳлилии Осиёи Марказӣ (Central Asian Bureau for Analitical Reporting) гуфтааст, ки Чин танҳо дар зоҳир ҳадаф аз густариши равобити иқтисодӣ ва тиҷорӣ бо Тоҷикистонро иқтисодӣ унвон мекунад, аммо вобастагии фазояндаи иқтисодӣ ба Чин дар баландмуддат муҷиб мешавад, ки Душанбе дар тасмимгириҳои сиёсии худ низ аз Пекин фармонбардорӣ кунад. 

 

Лентаи хабарҳо
0