Рустам Эмомалӣ ба муносибати иди Қурбон 3 рӯз бозори маҳсулоти кишоварзӣ ташкил мекунад

Обуна шудан
Бо мақсади сазовор таҷлил намудани иди Қурбон ва таъмини бозори истеъмолии шаҳри Душанбе бо маҳсулоти кишоварзӣ дар пойтахт намоишгоҳ- фурӯшгоҳҳои маҳсулоти кишоварзӣ ташкил мешаванд

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ қарор карда, ки бо мақсади сазовор таҷлил гирифтани иди Қурбон дар шаҳри Душанбе намоишгоҳ- фурӯшгоҳҳои маҳсулоти кишоварзӣ аз 3-уми август то 5-уми сентябр баргузор карда шавад.

Тавре равобити умуми шаҳрдории Душанбе иттилоъ медиҳад, намоишгоҳҳо дар таваққуфгоҳи автомобилии назди маркази савдои ҶДММ "Ёвар", майдончаи назди бозори "Қарияи боло",  кӯчаи Ҳусейнзода, 36 (назди Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва дар қисмати ҷанубии Муассисаи давлатии "Боғи фарҳангу фароғатии Дӯстии халқҳо" баргузор мешавад.

Илова бар  ин, фурӯшгоҳи чорвои майдаи шохдор дар тамоми навоҳии шаҳр ташкил мешавад.

Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва  Раёсати назорати давлатии байторӣ вазифадор шуданд, ки ҷойҳои муваққатии забҳи чорворо ташкил намоянд.

Забҳи чорво дар ҷойҳои ғайр мамнуъ аст.

Лентаи хабарҳо
0