Дар пайравӣ аз Раҳмон: Мирзиёев аз мардум хост ҷашну маросимашонро бе дабдаба гузаронанд

© Sputnik / Екатерина Чеснокова / Гузариш ба медиабонкСвадебные платья.
Свадебные платья. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Узбакистон ба корвони худравҳои арӯсӣ таваҷҷуҳи вижа кард ва гуфт, шумораашонро бояд камтар кард

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Вазорати умури хориҷаи Узбакистон иттилоъ медиҳад, ки Шавкат Мирзиёев аз мардуми Узбакистон хостааст, ки ҷашну маросимашонро хоксоронатар баргузор карда бисёр ҳазина накунанд.

Гуфта мешавад, ки Маҷлиси намояндагони шаҳр бар асоси гузоришҳое, ки охирин ҷаласааш ироя шуда буд, тавсияҳое таҳия ва барои мардум пешниҳод хоҳад кард.

Яке аз ингуна тавсияҳо камтар кардани шумораи худравҳои корвони арӯс аст. Пештар аз ин ҳам вакилон аз мардум хоста буданд, ки камтар худрав барои бурдани арӯс кироя кунанд то дар хиёбонҳо роҳбандон нашавад.

Вакилон ёдовар шуданд, ки дар шаҳр гӯш кардани мусиқии баланд ва иҷрои суруд бо овози баланд мамнуъ аст. Афзун бар ин, корбурди дастгоҳҳои садоафзо низ мамнуъ аст.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон Қонуни танзими ҷашну маросимҳо дар соли 2007 тасвиб шуда буд ва яке аз дастовардҳои муҳими давлати ин кишвар шумурда мешавад. Коршиносон эҳтимол медиҳанд, ки Узбакистон низ аз ҳамсояаш "ранг гирифта" ва ҷашну маросимҳоро танзим хоҳад кард.

Лентаи хабарҳо
0