Шаҳрдори Хуҷанд майдони Регистонро аз хурдафурӯшон "пок" мекунад

© Sputnik / Стас ЭтвешРынок панчшанбе в городе Худжанд, архивное фото
Рынок панчшанбе в городе Худжанд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси шаҳри Хуҷанд оиди бартараф кардани нуқтаҳои фурӯшӣ аз майдони Регистон қарор баровард

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Ҳукумати шаҳри Хуҷанд оиди озод кардани майдони Регистон аз нуқтаҳои савдо қарор баровардааст.

Дар ин бора дар саҳифаи равобити умумии шаҳрдории Хуҷанд хабар дода мешавад.

Шаҳрдори Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода барои ба шакли дуруст баргардонидани яке аз ҷозибаҳо ва маконҳои зеботарину гардишии Хуҷанд Регистон-ёдгории меъмории шимоли Тоикистон, қарор баровард.

Намояндагони мақомоти ҳукуматӣ ва интизомӣ миёни майдафурӯшоне, ки иҷозатномаи кор надоранд,  корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.

Дар баробари майдони регистон гирду атрофаш ҳам аз нуқтаҳои фурӯшӣ озод карда хоҳад шуд.

Ҳукумати шаҳри Хуҷанд бар он аст, ки маводҳои майдафурӯшон ба талабот исанитарӣ ҷавобгӯй нест. Ва онҳо набояд намуди зоҳирии майдонро вайрон кунанд.

Ба ҳамаи майдафурӯшҳо макони нави савдо, дар ҳудуди бозори назди майдон вадигар бозорҳои шаҳр тақсим карданд.

Лентаи хабарҳо
0