Боздошти муҳоҷире, ки бо корд ба пулиси рус ҳамла кард

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузариш ба медиабонкСотрудник полиции, архивное фото
Сотрудник полиции, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳангоми баргузории амалиёти вижа, яке аз муҳоҷирон ба кормандни ОМОН муқобилият нишон дод. Марди соли таваллдуаш 1987 ба корманди Гвардияи милии Русия ҳамла кард

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik.  Бино ба иттилоъи равобити умумии раёсати Гвардияи милии Русия, муҳоҷире пас аз ҳамла ба корманди мақомоти қудратии шаҳри самара боздошт шуд.

Бино ба гузориши манбаъ, кормандони мақомоти интизомии Русия дар шаҳри Самара дар паи санҷиши ҳуҷҷатҳои муҳоҷирон шуданд. Дар ҳудуди ноҳияи Волжск дар гармхона 60 муҳоҷир ба кор ҷалб шуда будаанд. Ҳамин тавр 29 нафари онҳо барои  ба шуъбаи корҳои дохилӣ оварда шуданд.

"Ҳангоми баргузории корҳои вижаи ҷустуҷӯӣ яке аз муҳоҷироон ба корманди ОМОН муқобилият нишон дод. Марди соли таваллудаш 1987 бо корд ба корманди мақомоти интизомӣ ҳуҷум кард. Дар паи ин задухӯрд касе осеб надид", —омадааст дар хабарнома.

Манбаъ меафзояд, ки ба ҷои ҳодиса гурӯҳи кормандони интизомӣ ҳозир шудаву, далелҳои ҷамъкардаи онҳо оид ба ҳуҷум ба кумитаи тафтишотӣ равон карда шуданд.

Лентаи хабарҳо
0