ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Тавре равобити умуми Ҳукумати вилояти Суғд иттилоъ медиҳад, дар шаҳри Конибодом намоишгоҳ- фурӯшгоҳи пӯшокҳои мактабӣ боз шудааст. Тавре дар гузориши манбаъ қайд карда мешавад, намоишгоҳи мазкур тог 20-уми августи соли ҷорӣ идома хоҳад ёфт.
Дар намоишгоҳ коргоҳҳои дӯзандагии "Гулдаст", "Малика", "Созмон", "Манижа" ва сехи навтаъсиси "Зайнаб" маҳсулоти худро пешкаш карданд. Дар маросими ифтитоҳии намоишгоҳ раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ иштирок намуда, таъкид намуд, ки мақсад аз ташкили он таъмини мактаббачагон бо либоси ягонаи хушсифати мактабӣ ва лавозимоти хониш бо нархҳои дастрас, инчунин дастгирии соҳибкорон мебошад.
Гуфта мешавад, тамошобинон аз маводҳои хониш ва либосҳои зебою хушнамуд, ки дар ярмарка пешкаш карда шуд, дидан карда, аз онҳо харидорӣ намуданд.