Қаламу соати дигаре аз дасти Эмомалӣ Раҳмон ба духтари хатлонӣ рафт

© Дафтари матбуотии раисҷумҳури ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон қаламу соаташро ба духтари хатлонӣ тақдим мекунад
Эмомалӣ Раҳмон қаламу соаташро ба духтари хатлонӣ тақдим мекунад - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Субҳи имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияҳои Қубодиён ва Шаҳритус дидан кард. Раисҷумҳур дар анҷоми сафар бо роҳбарону мардуми ин ноҳияҳо суҳбат карда ба духтаре қалам ва соаташро тақдим кард

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Дафтари матбуъотии раисҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон аз ду ноҳияи Хатлон боздид карда ва бо роҳбарону мардуми ноҳияҳо мулоқот кардааст. Дар яке аз аксҳои мунташиршуда дида мешавад, ки раисҷумҳури Тоҷикистон ба духтаре соату қаламашро тақдим мекунад.

Бино ба ин гузориш, раисҷумҳур дар ноҳияи Қубодиён аз рафти корҳои саҳроӣ, аз ҷумла оғози ҷамъоварии ҳосили пахта ва парвариши тарабор дар бунгоҳҳои кишоварзии деҳаи Ҳаваскор аз рустоҳои ҷамоъати деҳоти Тахти Сангин шинос шуда, сипас ба ноҳияи Шаҳритус рафтааст.

Дар ноҳияи Шаҳритус Эмомалӣ Раҳмон ба бунгоҳҳои кишоварзии ҷамоъати деҳоти Талбак Садриддинов рафта, бо фаъолияти кишоварзон, ки дар парвариши тарабору полезӣ, пахтакорӣ, боғдорӣ ва дигар корҳои кишоварзӣ таҷрибаи ғанӣ доранд, шинос шуд.

Кишвардори Тоҷикистон ҳамчунин бо роҳбарону мардуми ин ду ноҳия дар Шаҳритус мулоқот кард. Чуноне, ки аз аксҳои мунташиркардаи дафтари матбуъотии раисҷумҳури Тоҷикистон аз ҷараёни ин мулоқот дида мешавад, чанде аз занону бонувон дар назди раисҷумҳур суханронӣ кардаанд.

Чунончи, дар аксе духтаре назди балангӯ суханронӣ дорад ва дар аксе дигар аз дасти Эмомалӣ Раҳмон соат ва қалам мегирад.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш раисҷумҳури Тоҷикистон дар сафараш ба Балҷувон ба ду духтар низ қалам ва соаташро тақдим карда буд.

© Дафтари матбуотии раисҷумҳури ТоҷикистонАз ҷараёни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони ноҳияи Қубодиён ва Шаҳритус
Аз ҷараёни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони ноҳияи Қубодиён ва Шаҳритус - Sputnik Тоҷикистон
Аз ҷараёни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони ноҳияи Қубодиён ва Шаҳритус

 

Лентаи хабарҳо
0