Барои ошноӣ бо вазъи зиндагии мардум: Раисҷумҳур ба Қубодиён ва Шаҳритус сафар кард

© Дафтари матбуотии раисҷумҳури ТоҷикистонСафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои Қубодиён ва Шаҳритус
Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои Қубодиён ва Шаҳритус - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз субҳи имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон ба ду ноҳияи вилояти Хатлон сафар кард

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Тавре дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, субҳи имрӯз кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дода, сипас ба ноҳияи Шаҳритус рафт.

Дар гузориши манбаъ гуфта мешавад, ҳадаф аз анҷоми ин сафар шиносоӣ бо корҳои бунёдкорию созандагӣ, рафти кишту кор ва бархурдор шудан аз вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, боздид аз фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинон мебошад.

Манбаъ меафзояд, Эмомалӣ Раҳмонро дар ноҳияи Қубодиён "сокинони шарафманд ва меҳнатқарини ноҳия бо самимияти хоса ва муҳаббати беандоза истиқбол намуданд".

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи мазкур Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои саҳроӣ, аз ҷумла оғози ҷамъоварии ҳосили пахта ва парвариши сабзавот дар хоҷагиҳои деҳқонии деҳаи Ҳаваскори Ҷамоати деҳоти "Тахти Сангин" шинос шуда, ҳамзамон аз намоиши маҳсулоти кишоварзию чорводорӣ ва саноатии ноҳияи мазкур дидан кард.

Дар ноҳияи Шаҳритус бошад, Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагиҳои кишоварзии деҳоти ба номи Талбак Садриддинов ташриф оварда, бо фаъолияти ибратбахши деҳқонон, ки дар парвариши сабзавоту полезӣ, пахта, боғдорӣ ва истеҳсоли дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ таҷрибаи ғанӣ доранд, шинос шуд.

Ҳамчунин кишвардори Тоҷикистон дар ин ноҳияи бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Шаҳритус ва Қубодиён мулоқот кард.

Лентаи хабарҳо
0