Ахбори ВУД аз 4-уми август: Ронандаи "Рейнҷ Ровер" ба Хуҷанд нарасида ҳалок шуд

© Sputnik / Илья ПиталевДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон рӯйдодҳои нақлиётии ҳафтаро мунташир кард. 2-уми август дар пайи садамаҳои нақлиётӣ дар Душанбе ва шоҳроҳи Хуҷанд - Конибодом ҷавони 20-сола ва духтарчаи 7-сола ба ҳалокат расиданд

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Вазорат мегӯяд дар аксари ҳол далели рух додани ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ ноуҳдабароӣ ва саҳлангароии ронандагон мешавад.

Чунончи, рӯзи 2-уми августи соли равон ҷавони 20-солае аз ҷамоати деҳоти Ҳамробоеви шаҳри Конибодом ҳангоми ҳаракат дар роҳи Конибодом — Хуҷанд, дар ҳудуди деҳаи Хамирҷӯй фармони худравашро аз даст дода бо худрави "Опел-Астра", ки марди 36-солае аз ҷамоати деҳоти Патар меронд, бар хӯрдааст. Дар натиҷа ронанда аз захмҳои ҷонкоҳ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ҳамин рӯз ҳамчунин тахминан соати 19:25 дақиқа, ронандаи худрави "Опел-Астра", марди 26-солае аз Душанбе ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Соҳилӣ ба самти кӯчаи 50-солагии Тоҷикистони шаҳри Душанбе, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ду кӯдак — духтарчаи 7-сола ва писарбачаи 6-соларо пахш кардааст.

Мутаассифона дар паи ин рӯйдод, духтарчаи хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта ба ҳалокат расидааст.
Бозҷӯии ин ҳодисаҳо идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0