ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии ВКД, ин ҳодиса дирӯз, 2 август ба вуқӯъ пайвастааст.
Манбаъ меафзояд, ки тахминан соати 09:30 писарбачаи шашсолаи сокини маҳаллаи Темурмалики ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар назди ҳавлиаш бозӣ мекард.
"Ногаҳон саг ба ӯ ҳамла карда, як маротиба аз бари рӯй ва тахтапушташ газидааст", — омадааст дар иттилоиъя.
Дар натиҷа ин кӯдак ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.