ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Куштори посбони филиали "Амонатбонк" дар ноҳияи Ашт, ки соли 2013 ба вуқӯъ пайваста буд ҳанӯз ошкор нашудааст. Дар ин бора хабаргузории СМ-1 иттилоъ медищад.
Бино бар иттилои манбаъ, ин ягона ҷинояти куштор аст, ки дар вилояти Суғд тӯли 6 солу шаш моҳи охир ноошкор боқӣ мемонад.
Шариф Назарзода, сардори РКД-и вилояти Суғд гуфт, ки ин ҷиноят зери назорати доимии онҳо қарор дорад. Генерал-майори милитсия гуфт, ки "ахборот ҳаст ва кушодашавии парванаро албатта таъмин мекунем."
Дар шаш моҳи соли равон мақомоти милитсия 4 ҷинояти одамкуширо таъмин кардаанд. Аз ҷумла куштори зан соли 1995 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, сӯиқасди куштори зану шавҳар дар шаҳри Конибодом соли 2005, куштори як мард дар Панҷакент 2016 ва куштори мард дар шаҳри Хуҷанд, ки соли 1997 содир шуда буд таъмин карда шудааст. Содиршавии ҷинояти одамкушӣ ва сӯиқасд ба он дар нимсолаи 2017-8 ҳолат ба қайд гирифта шудааст.
Дар ҳамин давраи соли гузашта 17 ҷинояти одамкушӣ ва сӯиқасд ба он ба қайд гирифта шуда буд.