ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Дар чорчӯби бозиҳои даври 14-уми марҳилаи дувуми Қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лиги олӣ, "Хуҷанд" дастаи "Ҳосилот"-ро бо ҳисоби калони 7:0 шикаст дод.
Дар ин бозӣ футболбози дастаи "Хуҷанд" Давронҷон Тӯхтасунов ду гол зад. Ҳамчунин Манучеҳр Аҳмадов, Дилшод Бозоров, Фарҳод Тоҳиров, Эҳсон Бобоев ва бозингари нави дастаи "Хуҷанд" Ҷаҳонгир Эргашев як голӣ заданд.
Дастаи футболи "Хуҷанд" бо ин пирӯзӣ 24 имтиёз ба даст оварда, дар ҷадвали умумии мусобиқа ҷойгоҳашро дар зинаи дувум устувор кард.