Меҳмондори парвози Екатеринбург - Хуҷанд навраси тоҷикро наҷот дод

© Михаил КОЛОМОЕЦ / vk.comМихаил Коломоец, архивное фото
Михаил Коломоец, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Писаре наврас, ки бояд аз Екатеринбург ба Хуҷанд парвоз мекарда, пеш аз савор шудан ба ҳавопаймо беҳуш шудаву дилаш аз задан боз мондааст. Меҳмондори парвози Екатеринбург - Хуҷанд ӯро аз марг наҷот додааст

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Меҳмондори ширкати мусофирбарии ҳавоии "Уральские авиалинии" Михаил Коломоетс навраси 14-солаи хуҷандиро аз марг наҷот дод.

Хабаргузории шабакаии Е1.RU хабар дода, ки ин наврас ҳамроҳ бо падараш бояд дирӯз шом, 1 август аз фурӯдгоҳи "Колтсово" дар Екатеринбург ба Хуҷанд парвоз мекарданд, вале пеш аз савор шудан ба ҳавопаймо ҳолаш бад шудааст.

Меҳмондори ширкати мусофирбарии ҳавоии «Уральские авиалинии» Михаил Коломоетс гуфта, ки марде тоҷик наздам давон омаду ёрӣ хост ва гуфт, ки писараш астма дораду нафасгир шудааст.

"Онҳо бо худ сӯзандору доштанд, вале натавонистаанд онро ба кор бибаранд. Ҳангоме, ки ман сараш расидам, дидам ки кӯдак кабуд шуда буд. Набзаш эҳсос намешуд. Ман зуд амалиёти эҳёи қалбӣ-шуширо оғоз кардам то ин ки дилаш задан гирифту пиизшкон ҳам расиданд. Онҳо наврасро ба яке аз бемористонҳо бурданд", — гуфтааст Михаил.

Вай гуфта, ки чун меҳмондорон як давраи омӯзишии эҳёгариро мегузаронанд, вай дар ин маврид саросема нашуду вазифаашро анҷом додааст.

Лентаи хабарҳо
0