ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Дар ин бора Илҳомҷон Атоев, муъовини аввали Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар нишасти расонаӣ хабар дод.
Ба гуфтаи вай, дар кишвар беш аз 6 милюн симкорт дубора сабти ном карда шуд.
Афзун бар ин, 103 мавриди фурӯши ғайриқонунии симкортҳо муъайян шудааст.
Ёдовар мешавем, ширкатҳои телефони ҳамроҳи Тоҷикистон сар аз аввали ноябри соли гузашта бо ҳадафҳои амниятӣ сабти номи дубораи симкортҳоро оғоз карданд.
Чанде пеш аз ин иқдом, 30-уми апрели соли 2016 Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифт, ки симкортҳои фаъол дубора сабти ном карда шаванд.