Сӣ намозгузор дар ҳамлаи интиҳорӣ ба масҷиди Ҷаводия дар Ҳирот кушта шудаанд

© SputnikМечеть Джавадия в Герате, Афганистан, архивное фото
Мечеть Джавадия в Герате, Афганистан, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар натиҷаи ҳамлаи пайкорҷӯёне ба масҷиди Ҷаводия дар шаҳри Ҳирот 30 намозгузор кушта ва 63 кас захмӣ шуданд

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Гурӯҳи "Толибон" эълом карда, ки ҳамла ба намозгузорон дар масҷиди Ҷаводия дар шаҳри Ҳирот кори онҳо нест.

Ба гузориши Sputnik Афғонистон, ду ҷангҷӯи интиҳорӣ шоми 1 август бо силоҳу норанҷак ба намозгузорон дар масҷиди Ҷаводия дар шаҳри Ҳирот ҳамла кардаанд. 

Манобеъи ҳиротӣ мегӯянд, ки ҳамлакунандагон нахуст бо силоҳ намозгузонро тирборон карданд ва сипас норанҷак ба сӯяшон партоб карда ва саранҷом худро низ мунфаҷир кардаанд.

Дар натиҷаи ин ҳамла 30 намозгузор кушта ва 63 кас захмӣ шуданд.

То кунун ҳеч гурӯҳу созмоне масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст.

Лентаи хабарҳо
0