Хадамоти алоқа: аз "расонагурезии" Бег Сабур то ҳамкориҳо бо Гугл ва Фейсбук

© Flickr \ Franco BoulyСоциальная сеть "Фейсбук", архивное фото
Социальная сеть Фейсбук, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раҳбарони Хадамоти алоқа бо намояндагони расонаҳо дар рафти нишасти хабарӣ мулоқот карданд, аммо раиси Хадамот дар ин нишаст ҳам ширкат накард

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Имрӯз кормандони Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар нишасти расонаӣ ба суолҳои хабарнигорон посух гуфтанд. Яке аз нахустин саволҳое, ки хабарнигорон пурсиданд, ин буд, ки чаро Бег Сабур аз мулоқот бо рӯзноманигорон дурӣ меҷӯяд ва дар нишастҳои расонаӣ ширкат намекунад?

Илҳомҷон Атоев, муъовини аввали раиси Хадамоти алоқа дар посух ба ин пурсиш гуфт: "Бег Сабур дар сафари хидматӣ қарор дорад".

"Сардори Хадамоти алоқа рӯзҳои қабул дорад. Агар хабарнигорон хоҳиши мулоқот бо Бег Сабурро дошта бошанд, метавонанд муроҷиат кунанд", — тавзеҳ дод вай.

Хабарнигорон ҳамчунин аз фаъолияти "DHL",  фаъолияти Маркази ягонаи иртибототӣ дар Тоҷикистон, ҳамкориҳои Хадамот бо Гугл ва Фейсбук пурсиданд.

Илҳомҷон Атоев дар бораи ҷузъиёти созиши Хадамоти алоқа бо Гугл ва Фейсбук гуфт: "Барои ҳамкорӣ бо ширкатҳои бузурги фароҳамоварандаи интернет созиш кардем. Маълум аст, ки имрӯз интернетро бо мақсадҳои ғайр истифода мекунанд. Мақсади мо баланд бардоштани сифати хидматрасонии интернет мебошад. Ин ширкатҳои бузург сиёсати бехатарии худро доранд ва ҳамкории мо ба амалишавии сиёсати бехатарии ин ширкатҳо равона шудааст. Созиш шуд ва умед дорем, ки ҳамкориҳо нимсолаи дуюми соли ҷорӣ амалӣ мешаванд".

Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа, ки бо посухҳои "беҳамтояш" дар нишастҳои расонаӣ аз хабарсозтарин масъулони давлати Тоҷикистон шуда, камобеш 5 сол боз аз суҳбат бо расонаҳову хабарнигорон дурӣ меҷӯяд. Вай пас аз рухдодҳои моҳи июли 2012 дар Хоруғ ва тавзеҳоташ дар бораи қатъу масдуд шудани ҳаргуна тамосу иртибот бо вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ширкат дар нишастҳои расонаӣ канорагирӣ мекунад ва тобеъинаш 5 сол боз дар нишастҳои хабарӣ мегӯянд "дар сафари кориву хидматӣ қарор дорад".

Лентаи хабарҳо
0