ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Набераи раисҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев президенти Федеросюни кӯҳнавардӣ интихоб шуд.
"Тибқи қарори ҳамоиши ғаринавбатии Федеросюни кӯҳнавардӣ Нуралӣ Алиев президенти нави ин ниҳод интихоб шуд", — хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон.
Ин ҳамоиш 26 июл дар Алмаато баргузор шудааст.
Ҳамчунин ҳайъати федеросюн низ тағйир дода шуда, ба аъзоёни нав хусури Алиев-раиси комиссияи интихоботӣ Берик Имашев низ оворид шудааст.