ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik, Рубен Гарсия. Тоҷикистон ва Чин дар даври севуми сабқати байналмилалии АРМИ-2017 пирӯз шуданд.
Бино ба ититлоъи хабарнигори Sputnik Тоҷикистон, охирин шуда танкронҳои Лаос ба марра расиданд. Онҳо дар 57 дақиқа монеъаҳоро паси сар карда ба ҷои муқарраршуда тонкашонро "ба зӯр" кашонданд.
Вале дар бахши тирандозӣ танкронҳои лаосӣ ҳамто надоштанд.
Зреҳсаворони Тоҷикистон ва Зимбабве дар бахши тирандозӣ натиҷаи хубе ба даст наоварданд. Ин бор на ҳама тирҳояшон ба ҳадаф расид. Дар баробари ин дастаи Тоҷикистон ва Ангола чанд бор қоидҳаои эминиро пушти по заданд: пас аз тирандозӣ танкрон фармондеҳи гурӯҳро, ки бояд ба ҷои худ дар танк менишаст, интизор нашуду танкро равон кард.
Вале бо ин ҳама камбудҳо, дастаи Тоҷикистон аз рақибонаш пеш гузашт. Сарбозон ба роҳбарии гурӯҳбон Ҷонибек Усмонов ҳамагонро боварманд карданд, ки муҳимтарин ҷангафзори танк сарнишинонаш ҳастанд.
Зиреҳсаворони тоҷик масофаро дар 38 дақиқа дар навардида, бо беҳтарин натиҷа мақоми аввалро ба даст оварданд.
Дар миёни дастаҳои даври дувум танксаворони Чин пешсаф шуданд.
Ёдовар мешавем, ки танкронҳои тоҷик дар даври аввали бозӣ низ пешсаф буданд.