Сухангӯи раиси шаҳри Хуҷанд аз симаташ канор рафт

© Фото : FacebookМахмудчон Дадобоев, архивное фото
Махмудчон Дадобоев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзноманигори маъруф Маҳмудҷон Дадобоев чанде пеш бо хоҳиши худ аз симаташ канор рафтааст

 ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Маҳмудҷон Дадобоев, рӯзноманигори маъруф ва бунёдгузори чандин шабакаи телевизионӣ дар Хуҷанд, ки сухангӯи раиси шаҳри Хуҷанд буд, чанде пеш бо хоҳиши худаш аз симаташ канор рафтааст.

Дар ин бора Маҳмудҷон Дадобоев ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод. Вай гуфт, чанде пеш бо хоҳиши худ аз симаташ канорагирӣ карда, вале иллаташро ошкор накард.

Ҳоло рӯзноманигор омода аст, пешниҳодҳои расонаҳоро баррасӣ кунад.

"Ҳоло аз фаъолияти ояндаам чизе наметавонам бигӯям. Вале омода ҳастам пешниҳодҳоро баррасӣ кунам", — гуфт вай.

Маҳмудҷон Дадобоев 27 ноябри соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд, дар хонаводаи коргарон таваллуд шудааст. Соли 1989 пас аз анҷоми хидмати сарбозӣ дар Нерӯҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ фаъолияти кориашро дар Иттиҳодияи тавлидии "Хуҷандатлас" оғоз кардааст.

Аз соли 1993 то 1995 хабарнигори ТВ "Ҷаҳоноро", 1996 — 1997 сарвиростори "ТВ-7" ва дар солҳои 1997 —  2003 дар мудири кулли "Шабакаи телевизюну родюи СМ-1" будааст. Солҳои 2006 — 2007 намояндаи Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистонро дар вилояти Суғд ва солҳои 2007 — 2008 сарвиростори рӯзномаи "Суғд" буд. Аз моҳи августи 2008 то моҳи октябри соли 2012 низ мудири кулли шабакаи телевизюниву родюии "Ҷаҳоноро" буд.

Лентаи хабарҳо
0