ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раисҳои се додгоҳро бознишаста кард.
Чуноне ки дафтари матбуъотии расиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, Эмомалӣ Раҳмон бо имзои фармоне раиси додгоҳи шаҳри Хоруғ Муқаиршо Амонулло, раиси додгоҳи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Қосим Нуруллозода ва раиси додгоҳи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Зумрад Нурализодаро аз симаташон озод кард.
Далели бознишаста шудани ин масъулин расидан ба синни ниҳоӣ барои додрасӣ гуфта шудааст.