ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Кумитаи забону истилоҳоти Тоҷикистон мегӯяд, дар шаш моҳи соли ҷорӣ 26 шаҳрванд барои номгузории фарзандонашон ба Кумита муроҷиат кардаанд, ки ба ду тан аз онҳо ниҳод посухи радд додааст.
Тавре кормандони ин ниҳод имрӯз дар нишасти расонаӣ иттилоъ доданд, ин ду номи раддшуда Асома ва Облоқул аст.
"Облоқул шакли шикастаи Аллоҳу Акбар аст, ки шакли талаффузи туркиро гирифтааст. Дигар Асмоа буд, ки аз нигоҳи маънӣ ҷамъи исмҳост, ки чандон ба меъёр мувофиқ набуд", — гуфт Амирҳамза Сатторов, коршиноси аршади бахши ташхиси забоншинохтӣ.
Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон хабар дод, "Феҳристи номҳои миллӣ" мунташир шудааст. Бино бар иттилоъи вай, "ҳайъати гурӯҳи кории Кумитаи забон ҳангоми муроҷиати шаҳрвандон оид ба номгузории фарзандон ва дар феҳристи номҳои миллии тоҷикон набудани номи интихобнамудаи онҳо, хулосаи худро пешниҳод мекунанд".
Бояд гуфт, ки Облоқул дар воқеъ таҳрифшуда аз Аллоҳқул, ба маънии "бандаи Аллоҳ", аз номҳои туркӣ аст.