Зани тоҷик натавонист 470 грамм тиллоро ба Дубай барад

© Sputnik / Амир ИсаевМеждународный аэропорт Душанбе
Международный аэропорт Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зане бо иттиҳоми интиқоли ғайриқонунии металлҳои гаронбаҳо дар фурудгоҳи Душанбе боздошт шуд

ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Бино ба гузориши равобити умумии ВУД ҶТ, зани 39 сола хост ғайриқонунӣ тиллоро бо худ ба Дубай барад.

Ин ҳодиса рӯзи 26 июл рух додааст.

Тибқи маълумоти манбаъ дар паи баргузории корҳои вижаи ҷустуҷӯӣ, милисаҳои тоҷик дар терминали рақами яки фурудгоҳи Душанбе ин занро боздошт кардаанд.

"Ҳангоми бақайдгирӣ ва гузаштан аз нуқтаи санҷиши бағоҷ мусофири хатсайри "Душанбе-Дубай", зани 39-солаи сокини шаҳри Бӯстон бо гумони муомилоти ғайриқонунии металлҳои гаронбаҳо дастгир карда шуд", — омадааст дар иттилоъия.

Ҳангоми санҷиши бағоҷи дастиаш аз номбурда, мувофиқи маълумотномаи нозироти давлатии Иёргирии назди Вазорати молияи Тоҷикистон 2-адад хуллаҳои аз металли тилло сохташуда, ки вазни умумиашон 469,0-грамм ва арзиши умумиашон 96 ҳазору 458-сомониро ташкил медиҳад, дарёфт ва мусодира карда шуд.

Ба иттилоъи манбаъ аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0