Бино ба иттилоъи Sputnik Қирғизистон, ҷавоне ҳангоми аз бозгашт аз клуби шабона ба садама дучор шуда ҷон бохт.
Садама ҳангоми бомдод дар Иссиқ-Кӯл рух додааст. Ду худрави тамғаи Subaru ба ҳам бархӯрдаанд.
Худрав дар паи бархӯрд чунон пачақ шуда будааст, ки наҷотдиҳандагон дар давоми як соат натавонистанд ҷасади ронандаро аз дохили он берун кашанд.
Мусофирони дигар 20 ва 25 сола дар натиҷаи ин садама ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.