ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Бино ба гузориши равобити умумии ВКД ҶТ, дулорҳои мусодирашуда ба пулҳои аслӣ мувофиқат намекунанд.
Тибқи маълумоти манбаъ ин мард, 80 адад пули қоғазии 100-дулораи тақаллубиро бо ҳадафи фурӯхтан аз гузаргоҳи марзии шаҳри Исфара ба Тоҷикистон ворид кардааст.
"Ӯ ин пулҳоро дар назди осоишгоҳи "Зумрат" бар ивази 3600 дулори амрикоӣ ба шахси дигар фурӯхтааст", — омадааст дар хабарнома.
Ба гузориши манбаъ, ин пулҳои коғазӣ тақаллубӣ будаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷинояӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.