ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Намояндаи доими Тоҷикистон дар Созмони милали муттаҳид Маҳмадамин Маҳмадаминов муъовини раиси Шурои иқтисодӣ ва иҷтимоъии СММ (ECOSOC) барои иҷлоси соли 2018 интихоб шудааст.
Ба иттилоъи хадамоти матбуъотии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, номзадии Маҳмадамин Маҳмадаминовро Гурӯҳи Осиё ва Уқёнуси Ором пешиҳод карда, ки 55 кишварро дар бар мегирад.
Ин вазорат ёдоварӣ мекунад, ки барои нахустин бор дар даврони истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25 соли узвияти кишвар дар Созмони Милали Муттаҳид намояндаи ин кишвар ба чунин мақоми баланд дар ниҳодҳои асосии СММ мансуб мешавад.
Дар нишасте, ки 27 июл баргузор шуда, ҳамчунин Намояндаи доими Ҷумҳурии Чех аз гурӯҳи кишварҳои Урупои Шарқӣ ба симати Раис, намояндаи доими Белгия аз гурӯҳи кишварҳои Урупои Ғарбӣ ва дигарон ва намояндаи Сент-Винсент ва Гренадин аз гурӯҳи кишварҳои Амрикои Лотинӣ ва ҳавзаи дарёи Кариб ба симати муъовинони раиси ECOSOC барои иҷлоси соли 2018 интихоб шудаанд.