Чин сармоягузорӣ аслӣ дар иқтисоди Тоҷикистон аст

© Sputnik / Alexander Yuriev / Гузариш ба медиабонкДенежные купюры, архивное фото
Денежные купюры, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар се моҳи нахусти соли 2017 кишварҳову ширкатҳои хориҷӣ 131,5 милюн дулор дар иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ кардаанд ва 339 ширкати тоҷикӣ аз сармоягузориҳои хориҷӣ баҳраманд шудаанд

ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Файзиддин Қаҳҳорзода хабар дод, ки Чин дар се моҳи аввали имсол 76,6 милюн дулор дар иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ карда, ки 58,2 дарсад аз кулли сармоягузориҳои хориҷӣ дар ҶТ аст.

Ба гузориши хабаргузории ТоҷикТА, вай ҳамчунин гузориш дода, ки дар се моҳи нахусти соли 2017 кишварҳову ширкатҳои хориҷӣ 131,5 милюн дулор дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардаанд. Дар ин муддат 339 ширкати тоҷикӣ аз сармоягузориҳои хориҷӣ баҳраманд шудаанд.

Бино ба додаҳои ин кумита, дувумин кишвари сармоягузор дар Тоҷикистон Русия аст, ки дар ҳамин муддат 20,6 милюн дулор сармоягузорӣ кардааст. Ин рақам 15,7 дарсад аз кулли сармояҳоро ташкил медиҳад.

Файзиддин Қаҳҳорзода Русияро "шарики аслии роҳбурдии Тоҷикистон" дониста ва гуфтааст, ки "сармоягузории ин кишвар дар иқтисоди Тоҷикистон ба зудӣ беҳбуд хоҳад ёфт".

Бино ба иттилоъи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, дар шаш моҳи соли равон Нидерланд 10 милюн дулор (7,6 дарсад), Арабистони Саъудӣ — 6,9 милюн дулор (5,2 дарсад) ва Филипин 3,5 милюн дулор (2,7 дарсад) дар иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ кардаанд.

Вай ҳамчунин афзуда, ки Тоҷикистон имсол дар феҳристи солонаи Бонки ҷаҳонӣ "Коргушоӣ ва корофаринӣ" чаҳор рада болотар рафтааст.

Лентаи хабарҳо
0