Раиси Ожонси мубориза бо фасод овозаҳои боздошти кормандонашро, ки гӯё аз рӯи хусумат буда, бепоя хонд

© Sputnik / Илья ПиталевАрест, архивное фото
Арест, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси Ожонси мубориза бо фасод Сулаймон Султонзода имрӯз дар нишасти расонаӣ ба суолҳои хабарнигорон посух дод

ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Раиси Ожонси мубориза бо фасод дар нишасти хабарӣ гуфт, сару садоҳо дар ин бора, ки гӯё кормандони ин ниҳод дар пайи хусусати ниҳодҳои қудратӣ боздошт шудаанд, асос надорад. Вай гуфт, бояд табаҳкор дар назди қонун ҷавоб гӯяд.

Бино бар иттилоъи раиси Ожонс, баррасии парвандаи 10 тан аз кормандони пешини ин ниҳод дар Додгоҳи олӣ идома дорад.

Илова бар ин ҷаноби Султонзода гуфт, сару садоҳое, ки гӯё боздошти кормандони ожонс дар пайи хусумат ё қасосгирии ниҳодҳои қудратии кишвар анҷом дода шуда бошад, асос надоранд.

Али Ализод, независимый эксперт по экономике и политике - Sputnik Тоҷикистон
Алӣ Ализод: Боздоштҳо дар Ожонс оғози фасодзудоии густарда дар Тоҷикистон аст

Чанде пеш раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон Шермаҳмад Шоҳиён дар нишасти хабарӣ қайд карда будааст, ки "атрофи дастгир шудани кормандони Оҷонсии зидди фасод маводи хеле зиёд ба табъ расид. Шумораи кормандони боздоштшуда ҳар гуна пахш мешуданд. Ба маълумоти шумо мерасонем, ба Суди олӣ нисбати 10 корманди Оҷонсии мубориза бо коррупсия ва нисбати 3 нафар корманди сохторҳои дигар парвандаи ҷиноӣ ворид шудааст".

Пештар хабар дода шуда буд, ки камубеш 15 корманди Ожонси мубориза бо фасод дар Тоҷикистон боздошт шудаанд.

Ин кормандон, ки дар миёнашон раҳбари пешини Идораи бозҷӯии Ожонс Фирӯз Холмуродов низ ҳаст, муттаҳам ба ҷаъли санадҳои расмӣ ва ришваситонӣ шудаанд. Вале дар ин созмон гуфтанд, ки ин кормандон пеш аз ин ки боздошт шаванд, аз кор бар канор шуда буданд ва аз ин рӯ тавзеҳе дар ин бора надоданд.

Аммо расонаҳои тоҷикӣ хабар доданд, ки Давлатбек Хайрзода, муовини пешини раиси Ожонс, низ чанде пеш дар фурӯдгоҳи шаҳри Хуҷанд, ки мехоста аз онҷо ба Маскав парвоз кунад, боздошт шудааст.

Гуфта мешавад, ки афзун бар вай панҷ корманди дигари ожонс, аз он ҷумла раҳбари пешини Идораи бозҷӯии Ожонс Ҷамолҷон Муборов низ боздошт шудаанд. Ӯро муттаҳам ба суъистифода аз мақом ва ҷаъли санадҳои расмӣ кардаанд.

Бино ба гузориши бархе аз расонаҳо, ин боздоштҳо дар паи амалиёти муштараки нерӯҳои амниятӣ, Додситонии кулл ва Ожонси фасодзудоии Тоҷикистон сурат гирифта ва эҳтимолан бо парвандаи мудири пешини Идораи сохтусози шаҳри Душанбе Саидшариф Анваров пайванде доранд. Додгоҳи Душанбе 21 апрел ӯро ба ҷурми ришваситонӣ ва дуздии пули сохтмони бемористони "Истиқлол" барои 18 сол зиндонӣ карда буд.

Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар марти 2017 бархе аз раҳбарони Ожонси фасодзудоиро ҷобаҷо карда буд. Дар солҳои 2015 — 2016 раҳбарии ин созмонро Рустам Эмомалӣ бар уҳда дошт, ки дар оғози соли 2017 шаҳрдори Душанбе таъйин шуд.

Лентаи хабарҳо
0