Лоиҳаи "Барқарорсозӣ ва таҷдиди НБО-и "Қайроққум" дар ду марҳила амалӣ мешавад

© Sputnik / А. Горячев / Гузариш ба медиабонкКайраккумская ГЭС "Дружба народов"
Кайраккумская ГЭС Дружба народов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Таҷдиди нерӯгоҳ дар ду марҳала – дар марҳалаи аввал ду агрегат ва дар марҳалаи дуюм чор агрегати боқимонда ва таҷҳизоти ёрирасон бо маблағи умумии 170 миллион доллари ИМА ба итмом хоҳад расид

ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Лоиҳаи "Барқарорсозӣ ва таҷдиди НБО-и "Қайроққум" бо маблағгузории Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва Бонки инвеститсионии Аврупо амалӣ мегардад. Дар ин бора директори Шабакаҳои барқи вилоят Тўра Атамов зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Бино ба иттилои Т. Атамов таҷдиди нерӯгоҳ дар ду марҳала — дар марҳалаи аввал ду агрегат ва дар марҳалаи дуюм чор агрегати боқимонда ва таҷҳизоти ёрирасон бо маблағи умумии 170 миллион доллари ИМА ба итмом хоҳад расид. Чунин усули кор имкон медиҳад, ки истеҳсоли нерўи барқ дар ин мавзеъ то 38 фоиз зиёд шавад.

Зимнан, навбати якуми Нерўгоҳи барқи обии "Қайроққум" ҳанўз соли 1956 ва навбати дуюми он соле пас ба истифода дода шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0