ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Бино ба иттилоъи хадамоти матбуоти раисҷумҳур, роҳбарият, фаъолону собиқадорон, намояндагони ҷавонону аҳли илму фарҳанги ин ноҳия раиси Тоҷикистонро бо самимияти афзун истиқболгирифтанд.
Манбаъ мегӯяд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар фазои сулҳу суботи сартосарии мамлакат ва ҷаҳду талоши роҳбарияти кишвар ноҳияи Балҷувон ободу зебо гардида, сифати зиндагии бошандагони ин ҷо беҳтар шудааст.
Манбаъ меафзояд, ки истиқболи самимии Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби сокинони ноҳия далели пуштибонии комили онҳо аз сиёсати ҳукумати кишвар мебошад.