ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии Вазорати фарҳанг, ин китоб "Достони асп" ном гирифта аз ҷониби нашриёти "Адиб" мушташир шудааст.
Ба гузориши манбаъ, китоби "Достони асп" бо теъдоди 500 нусха ба табъ расидааст.
"Дар китоби "Достони асп" шоир Давлат Сафар тамоми хислатҳои хоссаи аспро зебо ва хотирмон ба риштаи тасвир кашидааст, ки меҳру муҳаббати хонандаро ба ин ҷонвари дилписанд афзунтар менамояд", — омадааст дар хабарнома.
Манбаъ меафзояд, ки офаридаи нави муаллиф барои мардуми асппарвари тоҷик ва ҳаводорони каломи бадеъ писанд хоҳад гашт.