ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шавкат Бобозода мегӯяд, дар шашмоҳаи аввали соли 2017 ҳаҷми истеҳсоли алюминий 24 ҳазор тонна коҳиш ёфтааст.
Дар ҳамин давраи соли гузашта корхона 73,101 ҳазор тонна алюминий истеҳсол карда буд.
"Коҳиши истеҳсолот ба ҷаҳиши нархи наво дар бозорҳои ҷаҳонӣ, сифати маҳсулот ва технологияе, ки дар корхона истифода мешавад, вобастагӣ дорад. ТАЛКО имрӯз мушкилоти зиёд дорад ва онҳоро бояд ҳал кард", — гуфт ӯ.
Ба гуфти вазир ягона корхонаи истеҳсолии Тоҷикистон ба бозсозӣ ниёз дорад.
"Ин масъала дар ҷаласаи ҳукумат низ баррасӣ гашта, барои пешниҳодҳои дақиқ як моҳ муҳлат дода шуд", — хабар дод Бобозода.
© SputnikИстеҳсоли алюминий дар соли 2015 15 % зиёд шуд
Истеҳсоли алюминий дар соли 2015 15 % зиёд шуд
© Sputnik