Эмомалӣ Раҳмон: Сари Хосор омода нест гардишгаронро бипазирад!

© Фото : Аз хадамоти матбуоти раисҷумҳурЭмомалӣ Раҳмон дар Сари Хосор
Эмомалӣ Раҳмон дар Сари Хосор - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорчӯби сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон аз Сари Хосор низ боздид кард

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Бино ба  иттилоъи хадамоти матбуоти раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон дар ин сафар вазъи зерсохтори ҷаҳонгардии Балҷувонро баррасӣ кард ва аз мавҷуд набудани омилҳои зарурӣ барои рушди гардишгарӣ нигаронӣ кард.

Раисҷумҳур ёдоварӣ кард, ки сари роҳи рушди соҳаи сайёҳӣ дар ноҳияи Балҷувон, аз ҷумла деҳоти Сари Хосор мушкилоту масъалаҳое вуҷуд доранд, ки бояд ҳарчи зудтар бартараф карда шаванд.

"Масалан, дар сатҳи зарурӣ қарор надоштани зерсохтори соҳа, камбуди мутахассисон, омода набудани сокинон барои қабули сайёҳон, нокифоя будани маблағгузорӣ, сатҳи пасти менеҷменти соҳа ва вобаста будани аксар мавзеъҳои туристӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки ба рушди соҳа ва умуман, пешрафту ободии деҳоти Сари Хосор монеа эҷод карда истодаанд", — гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон ширкатҳои сайёҳӣ аз супоридани андоз озод мешаванд

Бино бар натиҷагириҳои коршиносон дар ояндаи наздик яке аз фишангҳои муҳимми таконбахши иқтисоди Тоҷикистон ва пешрафти бисёр шаҳру ноҳияҳои кишвар рушди гардишгарӣ хоҳад буд.

Раисҷумҳур таъкид кард, ки дар чорчӯби Барномаи рушди иҷтимоъиву иқтисодии ноҳияи Балҷувон барои солҳои 2017 — 2020 фароҳамсозии замина барои рушди гардишгарӣ, бавижа дар риштаҳои бумшинохтӣ, фарҳангӣ, кӯҳнавардӣ, шикор тавассути бунёди зерсохтори муосир пешбинӣ гардидааст.

Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ кард, ки барои расидан ба ин ҳадафҳо зарур аст, ки пеш аз ҳама, роҳҳову зерсохтори гардишгарӣ сохтаву навсозӣ карда шаванд ва ҳамзамон барои ҷалби гардишгарони дохиливу хориҷӣ аз ҳамин акнун бояд масирҳои гардишгарӣ ва барномаҳои огаҳирасонӣ ба забонҳои милливу хориҷӣ омода ва иҷроӣ шаванд.

Лентаи хабарҳо
0