ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Пулиси Маскав гурӯҳи ҷиноии шаҳрвандони Тоҷикистонро аз байн бурд, гузориш медиҳад хабаргузории ТоҷикТА.
Бино бар иттилои манбаъ, раиси бахши 1-уми шуъбаи ҷустуҷӯи сареи идораи таҳқиқоти ҷиноии рақами 4-уми ВУД Русия иттилоъ додааст, ки се гурӯҳи қавмии ғоратгар дастгир карда шудаанд.
Ба гуфтаи вай, яке аз гурӯҳҳои ҷиноӣ ғолибан шаҳрвандони Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Доғистонро дар бар мегирифт. Ин гурӯҳ дар ноҳияи Электростал ва ноҳияи Ногинск ба бонкҳо ва дуконҳои ҷавоҳирот ҳамла ва онҳоро ғорат мекарданд.
Аксарияти аъзои гурӯҳи дувум шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд. Онҳо дар ноҳияҳои Домодедово ва Любертси ҳамлаҳои ғоратгарона ташкил мекарданд. Севумин гурӯҳи ҷиноӣ дар ноҳияҳои Пушкино ва Митиши амалҳои мушобеҳро анҷом медодаст..