ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik, Фарида Бобоҷонова. Яке аз корбарони Facebook дар гурӯҳе мавзуъеро матраҳ кардаву гуфта, ки Боғи ваҳши шаҳри Душанбе вазъи баде дораду бӯи бадаш имкон намедиҳад тамошобинон аз он боздид кунанд.
Ҷеймс Темиров навиштааст: "Мехоҳам мавзуъи ҳузнангезеро бо шумо баррасӣ кунам. Имрӯз бо додарам ба тамошои Боғи ваҳши шаҳр рафтем. Аз буйи бади он қариб буд меафтодем. Додарчаам онро тоб наовард. Дили ман ба ҷонвароне сӯхт, ки даруни қафасҳо буданд. Обе надоштанд, ки дар он гармо бихӯранд. Ба назарам чунин менамуд, ки хирсҳо аз гармӣ девона мешаванд. Рӯбоҳаке мехост аз кӯлмаки гилолуд об хӯрад. Дигар натавонистам бӯйи бади боғро тоб оварам".
Темиров бо матраҳ кардани ин мавзуъ аз корбарон пурсидааст, ки кадом ниҳод масъулияти нигаҳдории Боғи ваҳшр дорад то аз ин вазъ ба он шикоят баранд.
Вай гуфтааст, "мехостам бифаҳмам, ки ин ҳамаро кӣ идора мекунад? Шунидаам, ки шаҳрдори нави мо мушкилоти шаҳрро пайгирӣ мекунад. Шояд касе ин аҳволро ба вай бирасонад?".
Бисёре аз ҳамвандон дар он гурӯҳ дар вокуниш ба ин мавзуъ гуфтаанд, ки вазъи Боғи ваҳш дар воқеъ бисёр бад аст. Бархе аз онҳо пешниҳод кардаанд, ки боғ куллан баста шавад.
Беҳтар аст боғро бибанданд
Олга Зайтсева ном ҳамвандони он гурӯҳ гуфтааст, чанде пеш ба он боғ рафта буд ва аз вазъи ҷонварон шигифтзада шуд. Вай аз ҳамвандон пурсидааст, ки оё беҳтар нест боғро аз шаҳр бар чинанд?
"Ман ҳам ҳайрон шудам. Хирсҳои бечора аз гармо беҳол шудаву дароз кашида буданд. Аз ҳар сурохе калламуше мебаромаду инсӯ онсӯ гашту гузор мекард. Шояд беҳтар бошад, ки боғи ваҳшро бибанданд?", — пурсидааст вай.
Маниша Ҳафизова ном корбаре ин пешниҳодро ҷонибдорӣ кардаву гуфтааст, ки беҳтар аст боғ баста шавад.
"Ман ҳам ҷонибдори онам, ки Боғи ваҳш то замоне, ки кормандонаш равишҳои дурусти муносибат бо ҷонавронро ёд нагиранд, баста шавад", — гуфтааст вай.
Ирис Волчкова-Давидова Боғи вашҳро ба "урдугоҳи марг" монанд кардву гуфтааст, агар наметавонанд ҷонваронро дуруст нигаҳдорӣ кунанд, беҳтар мешавад боғро бибанданд.
Умед ба Рустам Эмомалӣ
Азиза Эгамова, яке дигар аз ҳамвандон, гуфтааст ин бори аввал нест, ки ин масъала матраҳ мешавад, аммо то кунун роҳи ҳалли худро наёфтааст.
Азиза умедвор шуда, ки раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ чорае барои Боғи ваҳш биандешад, вагарна боғ бояд баста шавад.
"Бори аввал нест, ки ин масъаларо матраҳ мекунанд, лекин натиҷае нест. Ман ҳам бисёр умедворам, ки раиси нави шаҳри Душанбе чорае меандешад. Вагарна, боғ бояд баста шавад, то ҷонварҳоро ин гуна озор надиҳем", — навиштааст вай.
Александра Умарова гуфтааст, ки ин мавзуъ борҳо дар расонаҳо матраҳ шудааст, аммо натиҷае ҳосил нашудааст. Вай низ ҳама умедашро ба раиси нави шаҳри Душанбе бастааст.
"Ҳоло ки раси нави шаҳри мо бисёре аз мушкилотро ҳалл кардааст, фикр мекунам, ин як масъаларо ҳам бояд ба вай расонд", — мегӯяд вай.
Пойтахт танҳо ҳамин як Боғи ваҳшро дорад
Яке дигар аз корбарон Зарина Шугаипова ном мегӯяд, дар кишвар сохтмон авҷ гирифта, вале ягона боғи ваҳши шаҳр вазъи асафборе дорад.
"Давлат ба сохтусоз машғул мешавад-ку. Фикр кунед ба боғ чанд қадар кӯдакон мераванд, бояд ба ин масъала аҳамият дод", — гуфтааст вай.
Малохат Юсупов гуфтааст, "беҳтар аст онро бибандад. Пойтахт ҳамин як боғи ваҳшро дорад, вале ҳамонро ҳам наметавонад ба тартиб дароварад".
Наргис Субҳонқулова мегӯяд, ки 10 сол боз аз боғи ваҳш боздид накарда, вале пештар на барои тамошо, балки барои хӯрок додан ба ҳайвонот мерафта будааст.
Ясмина Сатторова бо киноя гуфтааст: "Мо мушкил бисёр дорем: масалан, номгузорӣ, либоспӯшӣ. Моро бо ҳайвонҳо чӣ кор аст? Онҳо худашон мемиранд ва мо ҳам аз мушкилашон халос мешавем".
Ҳамаро мувофиқи талабот иҷро мекунем
Sputnik Тоҷикистон дар пайгирӣ аз ин қазия бо мудири Боғи ваҳши шаҳри Душанбе гуфтугӯ кард ва аз теъдоду тахассуси кормандон, хӯрду хӯроки ҳайвонот, вазъи беҳдоштти он ва муносибати боздидкунандагон бо ҷонваронро пурсид.
Мудири Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе Маҳмадалӣ Шарипов гуфи, ҳамакнун дар ин боғ 48 корманд дар шаш бахш кор мекунанд. Ба гуфтаи вай, кормандон ба шуъбаҳо тақсим шуда, ҳар кадоме масъулияти худро дорад. Масалан, кормандоне, ки боғро рӯбу чин мекунанд, соати шаши субҳ корашонро оғоз мекунанд.
Ҳар рӯз рӯбу чин мекунем
Ба гуфтаи мудир, қафасаҳои ҷонварон ҳар субҳ рӯбу чин карда мешавад ва агар лозим шуд, ду-се бор дар як рӯз тоза мекунанд.
"Даруни қафасаҳоро ҳар рӯз рӯбу чин мекунем. То омадани тамошобинон, мувофиқи муқаррароти домпизишкӣ (ветеринарӣ) ба тозагӣ риоя мешавад", — мегӯяд вай.
Ҳамчунин афзуд, ки Боғи ваҳш домпизишкҳое низ дорад, ки вазъи саломатии ҷонваронро назорат мекунканд. Ба гуфтаи Маҳмадалӣ Шарипов, Боғи ҳайвонот мутахассис ба андозаи кофӣ дорад. Пештар як — ду шуъбаро Боғро таъмир ҳам кардаанд.
"Шуъбаҳоро таъмир кардем. Ҷонварҳои нав овардем, маслан аз Қазоқистон панҷ намуд ҷонвар овардем", — гуфт вай.
Мувофиқи меъёр хӯрок медиҳем
Мудири Боғи ваҳш ҳамчунин ёдоварӣ кард, ки ҷонваронро мувофиқи меъёр хӯрок медиҳанд.
"Ҳар як ҳайвон меъёри хӯрокхӯрӣ дорад. Масалан, шер бояд дар як рӯз аз 12 то 15 килограм гӯшт хӯрад", — гуфт вай.
Маҳмадалӣ Шарипов ҳамчунин гуфт, ки ҳоло муносибати одамон бо ҳайвонот беҳтар шудааст, лекин ҳастанд касоне, ки сӯйи онҳо санг ё ҳар гуна партов мепартоянд.
Бӯй аз табиъати ҷонварон аст
Шарипов афзуд, овардану додани хӯрок ба ҷонварон дар боғ мамнуъ аст, ки дар ин бора навиштаҳо низ ҳамаҷо доранд, аммо бархе аз боздидкунандагон бо худ хӯрок меоранд ва ба ҳайвонот медиҳанд. Аммо хӯроке, ки боғ ба ҷонварон медиҳад, барояшон басанда аст.
"Ҳайвон ҳамин гуна табиъат дорад. Чанде ки хӯрок диҳӣ, хӯрдан мегирад. Ягон ҳайвони боғ ҳоло лоғар нест, ҳама солиманд", — гуфт вай.
Шарипов гуфт, наметавонад инкор кунад, ки Боғи ҳайвонот бӯйи бад дорад. "Аммо ҳама муқаррароти домпизишкӣ риоят мешаванд ва дар аксар ҳол кӯшиш мекунем, ки бӯйи бадро онро аз байн барем".
"Ҳама ҷонварон табиъатан буй доранд, ки он ҳамеша эҳсос мешавад", — гуфт вай.
Мудири Боғи ҳайвонот дар поён гуфт, дар назар доранд то ҷашни истиқлол чанд намуди дигари ҷонваронро ҳам бо боғ биёранд.
Вай гуфт, ҳамакнун билети боздид аз Боғи ваҳш барои кӯдакони то 5-сола ройгон ва аз 5-сола то 12-сола 1 сомонӣ ва калонтар аз 12-сола 2 сомонӣ муқаррар шудааст.
Боғи ваҳшро бояд ба ҷойе дигар кӯчонд
Коршиноси улуми ҷомеъашиносӣ Далер Баҳромбеков дар суҳбат бо мо гуфт, ҳарчанд муддате шуда, ки Боғи ваҳш нарафтааст, аммо ҳар боре, ки аз назди он мегузарад, бӯйи баде ба димоғаш мезанд.
"Дар ин масъала танҳо метавонам фикри шахсиамро баён кунам. Фарзандонам чанд сол пеш ба ин боғ рафта буданд, аммо аз аҳволи он шикоят карданд. Пас аз он аз рафтан ба Боғи ваҳш манъашон кардам ", — гуфт вай.
Баҳромбеков гуфт, агар аз нигоҳи географӣ назар кунем, Душанбе дар жарфое ҷой гирифтааст, ки дар ин ҳол мушкилоти экологӣ пеш меоянд.
"Ҳоло аҳолӣ бисёр шудааст ва ман худам ҳис мекунам, ки вазъи экологӣ рӯз аз рӯз бад мешавад. Аммо Боғи ҳайвонот дар маркази шаҳр асту дар атрофаш донишоҳ, варзишгоҳ ва боғи фарҳангӣ ҷой гинрифтаанд. Аз ин дидгоҳ агар бингарем, бояд Боғи ҳайвонотро ба ҷойи муносибтаре кӯчонд", — гуфт вай.
Ба гуфтаи ӯ, донишҷӯёни Шаҳраки донишгоҳ ҳар бор ки аз назди Боғи ваҳш мегузаранд, шикоят мекунанд, ки бӯйи бадеро ҳис мекунад.
"Ин масъала дар воқеъ нигаронкунанда аст. Аз ин рӯ, беҳтар аст Боғи ваҳшро ба дигар ҷой интиқол диҳанд ва дар ҷояш боғи наве бунёд кунанд ", — гуфт вай дар поён.