Ваъда додӣ вафо кун: шаҳрдоре дар Фаронса муш хурд

Обуна шудан
Раиси шаҳри Мон-де-Марсан, Шарл Дайо ба ваъдааш вафо кард. Ӯ шарт баста буд, ки агар клуби "Пари-сен-Жермен" ба даври чорякниҳоии Лиги қаҳрамонҳо роҳ наёбад, муш мехӯрад

Клуби футболи "Пари-Сен-Жермен" моҳи феврали соли 2017 дар даври 8/1 ниҳоӣ дастаи "Барселон"-ро бо ҳисоби 4:0 мағлуб карда буд.
Он замон раиси шаҳр ваъда дод, ки агар тими "Пари Сен-Жермен" ба даври чорякфиналӣ набарояд ӯ муш мехурад.

Дар ниҳоят "Барселон" тими "Пари Сен-Жермен"-ро бо ҳисоби 6:1 мағлуб кард ва дастаи охирин ба даври чорякфиналӣ роҳ наёфт.

Раиси шаҳр барои иҷрои ваъдаи худ чанд моҳ боз кӯшиш кард ва дар ниҳоят рӯзи 25 июл дар ҳузури тамошобинон муши бирёнро истеъмон кард.

Лентаи хабарҳо
0