Ҷаҳонгарди амрикоӣ: шефтаи Хуҷанд ва ошиқи Самарқандам

© Фото : Instagram / drewbinskyПутешественник Дрю Бински , архивное фото
Путешественник  Дрю Бински , архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Блогнависи амрикоӣ Дрю Бинскиро Тоҷикистон чунон шефта кардааст, ки намедонад кадом вижагияшро бештар писандидааст - табиъаташро, фарҳангашро ё меҳмоннавозии мардумашро?

ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Дар ояндаи наздик Осиёи Марказӣ ба далели ҷаззобияти табиъату фарҳанг ва дастрасии молияш ҳатман яке аз маконҳои аслии гардишгарии ҷаҳонӣ хоҳад шуд, навиштааст гардишгару блогнависи амрикоӣ дар Huffington Post.

"Ман чанде пеш аз гардише даҳрӯза дар Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон бар гаштаам. Ба ростӣ, ин гашт яке аз беҳтарин гардишҳо дар зиндагиям буд. Мо ба кӯҳҳо мебаромадему аз шаҳрҳои қадимӣ боздид мекардем, шабро дар рустоҳо рӯз мекардему аз бозорҳо хӯрданиҳо мехаридем ва пухтупази хӯрокҳои маҳаллиро меомӯхтем", — навиштааст ин гардишгари амрикоӣ.

Ба гуфти Дрю, донистаниҳояш дар бораи Осиёи Марказӣ пеш аз ин сафар андак буд.

 

"Росташро бигӯям, амрикоиҳо одат доранд ҳар кишвареро, ки номаш пасванди "-истон" дошта бошад, хатарнок бишуморанд. Вале ин гумон комилан нодуруст будааст. Инак чаҳор далеле, ки бино бар онҳо ҳатман бояд аз Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон дидан кунед", — гуфтааст вай.

Мардумони меҳмоннавоз

Дрю Бински аз гуфтану навишан дар бораи бархурди гарму самимии мардумон бо якдигар ва бо хориҷиён дар ин кишварҳо хаста намешавад.

"Маро борҳо меҳмон кардаанду бо бисёр касон чойхӯрӣ кардаам, гарчи ман забонашонро на медонистам ва на мефаҳмидам", — мегӯяд гардишгар ва таъкид мекунад, ки касе барои чой ё хӯрок аз онҳо пул нахоста, ки бештар аз ҳар коре ин ҷавони амрикоиро ҳайратзада кардааст.

 

"Ман дар рустоҳои шимоли Тоҷикистон меҳрубонтарин мардумро дучор шудам. Онҳо зиндагии содае — бе интернет, оби гарм ва худраве — ба сар мебаранд. Ин дидаҳо маро водор кард, ки аз доштаҳоям шукргузор бошам", — мегӯяд гардишгар.

Табиъати бисёр зебову диданӣ

Гардишгар ёдоварӣ карда, ки 94 дарсад аз қаламрави Қирғизистон кӯҳсор аст ва дар Тоҷикистон кӯҳситонҳо 97 дарсад аз сарзаминашро фаро гирифтаанд, ки ин кишварҳоро биҳиште барои кӯҳнавардон ва дӯстдорони истироҳати фаъол мегардонад.

Lake Iskandarkul is a magical place. Really enjoying the nature of #Tajikistan!

Публикация от DREW BINSKY📍in Philippines 🇵🇭 (@drewbinsky) Июн 30 2017 в 10:51 PDT

 

"Аз дидани табиъати Тоҷикистон кас ҳайратзада мешавад. Ин ҷо маконест, ки то ҳол камтар гардишгаре онро дидааст. Ончи ман дар Тоҷикистон дидам — кӯҳҳои пурбарф, рӯдҳои шитобон, ҷангалҳои сарсабз — аз беҳтарину ёдмонтарин хотираҳои ҷаҳонгардиям шуд ", — бо ҳаяҷон мегӯяд Бински.

Lake Iskanderkul, Tajikistan 🇹🇯… no words can describe this beauty

Публикация от DREW BINSKY📍in Philippines 🇵🇭 (@drewbinsky) Июл 2 2017 в 4:57 PDT

 

Нархҳои арзон

Гардишгарӣ дар ин се кишвари осиёӣ гарон нест. Кас ба осонӣ метавонад аз шаҳрҳои гуногун боздид кунаду аз ҳазинаҳо парвое надошта бошад.

 

Афзун бар ин, Дрю ба гардишгароне, ки мехоҳанд аз он кишварҳо боздид кунанд, тавсияҳое додааст: чунончи, дулорҳоро беҳтар аст на дар бонк, балки дар "бозори сиёҳ" мубодила кард то бештар пул ба даст овард. Масалан, агар дар бозори сиёҳи Узбакистон 1 дулор 8 ҳазор сӯм нарх дошта бошад, дар бонк он ду баробар камтар, яъне 4 ҳазор сӯм нарзиш дорад.

Мероси торихии Роҳи абрешим

Ба қавли гардишгари ҷавон торихи кишварҳои Осиёӣ Марказӣ, ки Роҳи бузурги абрешим аз сарзамини кунунии онҳо мегузашт, худ бисёр ҷолиб аст.

 

"Ман аз ҳама шаҳрҳо бештар Самарқандро бо масҷидҳову оромгоҳҳои зебои кабудаш дӯст доштам. Дар Тоҷикистон мо аз шаҳри Хуҷанд дидан кардем. Ин ҷо ҳар гардишгаре бояд аз бозори суннатии шарқӣ боздид кунад", — тавсия медиҳад ин гардишгари амрикоӣ.

 

Дрю Бински бовар дорад, кин далоил бояд гардишгаронро ангеза диҳанд, ки аз Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон ҳатман боздид кунанд.

Лентаи хабарҳо
0