ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Чанде пеш дар Маркази исломии Тоҷикистон семинари илмиву омӯзишӣ баргузор шуд. Дар рафти ин семинар ба имомхатибон тавсия дода шуд, ки баробари доштани донишҳои динӣ аз илмҳои муосир низ бархурдор гарданд.
Тавре равобити умуми Маркази исломии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, рӯзи 20-уми июл дар Маркази исломии ҶТ дар ҳамкорӣ бо Маркази исломшиносии нади раисҷумҳури Тоҷикистон ва Кумитаи дин семинари илмиву омӯзишӣ баргузор гардид. Дар семинар имомхатибон ва имомони масҷидҳои ҷамеъ ва панҷвақтаи шаҳри Душанбе ҳузур доштанд. Дар он мавзӯи "Пешгирии тарғиботи ифротгароӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва роҳҳои пешгирии он дар Тоҷикистон" баррасӣ шуд.
"Нуктаи муҳим ва асосии баромади маърӯзачиён иборат аз он буд, ки чи тавр ҷавононро аз таъсири шабакаҳои иҷтимоие, ки тарғиботи ифротгароиро пешаи худ қарор додаанд ва ба воситаи чунин шабакаҳо ҷавононро ба кишварҳои Сурия ва Ироқ ҷалб месозанд, эмин нигоҳ доранд",- қайд карда мешавад дар хабар.
Пас аз баромади коршиносон ба имомхатибон тавсия дода шудааст, ки баробари доштани дониши динӣ истифодаи интернет ва кор бо компютерро омӯзанд.
"Ҳар як имомхатиб бояд дар баробари доштани донишҳои динӣ аз донишҳои муосир ба мисли истифодаи интернет ва кор бо компютер ва илмҳои муосир бархӯрдор бошанд, то ин ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бар зидди андешаҳои ифротии гурӯҳҳои ғаразнок посухҳои қонеъкунанда дода тавонанд",- гуфта мешавад дар анҷоми гузориш.