Кумитаи умури занон аз савдогарон барои мамнуъ кардани фурӯши "либоси бегона"

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкХиджаб в магазине. Архивное фото
Хиджаб в магазине. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи умури занону хонавода дар Ҳукумати ҶТ "барои пешгирӣ аз бегонапарастӣ" дар Маркази тиҷорати "Панҷшер" дар шаҳри Душанбе бо фурӯшандаҳову харидорон суҳбат кард

ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Кумитаи умури занону хонавода гузориш медиҳад, ки дирӯз дар Маркази тиҷории "Панҷшер" бо фурӯшандаҳову харидорон суҳбатҳое баргузор карда аст.

"Бо мақсади тарғиби либоси миллӣ, тарбияи зебопарастӣ ва пешгирӣ аз бегонапарастии занону духтарон дар масоили одоби либоспӯшӣ дар ширкати маҳдудмасъулияи  "Панҷшер" бо харидорону фурӯшандагон суҳбатҳои сарироҳӣ доир шуд",- гуфта мешавад дар гузориши манбаъ.
Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки гурӯҳи кории кумита "барои манъи фурӯши маводи тарғибкунандаву бегона бо фарҳанги тоҷикӣ" низ ба фурӯшандагон маслиҳатҳо додааст.

"Ҷиҳати эҳтиром гузоштан ба фарҳанги миллӣ ва пешгири аз фарҳанги бегона, андешидани тадбирҳои зарурӣ барои манъи фурӯши маводи тарғибкунанда ба фарҳанги мо бегона, алалхусус, аз ҷониби занону духтарон пешгирии пӯшидани сару либоси бегона суҳбатҳо гузаронида шуд", — омадааст дар анҷоми гузориш.

Ёдовар мешавем, чанде пеш кормандони Кумитаи занон ба Маркази тиҷории "Саотдат" рафта, ба занон — харидорону фурӯшандагон суҳбат карда буд.

"Аксари занон қайд карданд, ки бо таъсири мардони хона либоси бегонаро ба бар кардаанд",- гуфта мешуд дар гузориши манбаъ.

Лентаи хабарҳо
0