ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Кормандони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ ва Ҷайҳун ду занро ба гумони даст доштан дар дуздӣ ва ғоратгарӣ дастгир кардаанд, хабар медиҳад равобити умумии ВУД ҶТ.
Бино бар иттилоъи манбаъ, Маматхонов ном шаҳрванде аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба мақомоти умури дохилӣ шикоят бурда, ки 16-уми июл, ҳангоме, ки вай дар фурӯшгоҳи нӯшокиҳои алкулии назди поёнаи мусофирбарии ин ноҳия қарор дошта, зане ношинос аз ӯ 700 сомонӣ пулашро ошкоро дуздидааст.
"Дар раванди амалиёти бозҷуст кормандони милиса Мамадова ном шаҳрванде аз ноҳияи Дӯстиро, ки пештар се бор ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуда будааст, ба иттиҳоми ғоратгарӣ дастгир кардаанд", — гуфта мешавад дар гузориш.
Дар паи бозпурсӣ ин шаҳрванд иқрор карааст, ки дар ин табаҳкорӣ даст дорад.
Ҳамчунин, Қурбонова ном шаҳрванде аз шаҳри Вахдат, ки пештар низ 4 бор ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст, қасдан даст ба дуздии амвол ба миқдори махсусан калон задааст.
Чунончи, ӯ 19-уми июли соли равон аз истгоҳи поёнаи мусофирбарии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар худрави «Мерседес», шумораи сабти давлатиаш 46-96 СТ 02, ки аз они Турдибеков ном шаҳрванд буда, савор шуда, аз пушти сандалии ронанда 50 ҳазор сомониро пинҳонӣ дуздида, дар поёнаи мусофирбарии ноҳияи Ҷайҳун аз худрав пиёда шуда, ба тарафи номаълум ғайб мезанад.
Дар раванди амалиёти бозҷӯӣ кормандони ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳун шаҳрванд Қурбоноваро чун гумонбар дар содир кардани ин ҷиноят дастгир кардаанд.
Шаҳрванд Қурбонова дар раванди бозпурсӣ пурра ба гуноҳи худ иқрор карда ва бархе аз он маблағ аз ӯ боз пас гирифта шудаст.
"Айни замон нисбати Мамадова Г. ва Қурбонова Н. бо моддаҳои 248 ва 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад", — гуфта мешавад дар гузориши ВУД ҶТ.