ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар назар дорад гирифтани аксу филм аз ҳаводисро мамнуъ кунад.
Вазири умури дохилаи ҶТ Рамазон Раҳимзода дар нишасти расонаие, ки 21 июл баргузор карда буд, аз сӯхтор дар бозорҳои Фархор ва "Корвон" ёдовар шудаву гуфта, ки бархе аз шаҳрвандон бо тасвирбардорӣ аз маҳалли ҳаводис намгузоштанд оташнишонҳо корашонро анҷом диҳанд.
Вай гуфт, аз ҳукумат дархост кардаанд, ки бо тасвиби қонуне аз халалрасонӣ ба кори мақомот дар чунин ҳолатҳо пешгирӣ ва халалрасонҳоро муҷозот кунанд.