Таъкиди Тоҷикистону Покистон бар тавсеъаи ҳамкориҳои иқтисодӣ

© Пресс-служба президента ТаджикистанаМулоқоти раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раисҷумҳури Покистон Навоз Шариф
Мулоқоти раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раисҷумҳури Покистон Навоз Шариф - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири рушди иқтисодӣ ва тиҷорати Тоҷикистон дар дидор бо муъовини вазири бозаргонии Покистон бар тавсеъаи ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар таъкид кард

ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Муъовини вазири бозаргонии Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммадюнус Даға дар шаҳри Душанбе бо вазири рушди иқтисодӣ ва тиҷорати Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода дидору гуфтугӯ кард.

Бино ба иттилоъи равобити умумии вазорати рушди иқтисодӣ ва тиҷорати ҶТ, дар ин дидор масъулини тоҷику покистонӣ вазъияти кунунӣ ва чашмандози ҳамкориҳои иқтисодиву бозаргонии Тоҷикистон ва Покистонро баррасӣ карданд.

Неъматулло Ҳикматуллозода ва Муҳаммадюнус Даға ҳамчунин дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба дар риштаҳои бозаргонӣ, сармоягузорӣ, таробарӣ, саноеъи хӯрокворӣ ва насcоҷӣ низ табодули назар карданд.

Масъулини баландпояи ду кишвар дар ин дидор бар афзоишу густариши ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Покистон таъкид карданд.

Гуфтанист, содироти маҳсулот аз Тоҷикистон дар шаш моҳи нахусти соли равон ба Покистон 1,5 дарсадро дар бар мегирад.

Чанде пеш нахуствазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф бо дидоре расмӣ аз Тоҷикистон дидор ва бо раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон мулоқот карда буд.
Лентаи хабарҳо
0