ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Каримҷон Ёров, роҳбари созмони ЭТМОС, бо нашри наворе дар сафҳаи фейсбукияш хабар дод, ки як шаҳрванди Тоҷикистон дар ноҳияи Нагатино зери трамвай мондааст.
Вай мегӯяд, ин шаҳрванди узбактабори Тоҷикистонро бо чархбол ба Шуъбаи эҳёи Бемористони № 29 интиқол доданд.
"Сарнавишти ин мард ҳоло маълум нест. Гуфтанд, ки падараш низ дар Русия қарор дорад", — гуфтааст Каримҷон Ёров.
Sputnik Тоҷикистон ҷузъиёти ин қазияро аз Намояндагии Вазорати кору муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар Русия ҷӯё шуд. Дар ниҳод гуфтанд, ки ин қазияро пайгирӣ мекунад.