ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Чаҳор даста аз сарбозони Нерӯҳои зиреҳии Тоҷикистон дар "Биатлони танкӣ" зӯрозмоӣ хоҳанд кард.
Ҳайъати низомии Тоҷикистонро муъовини пуштибонии фаннии Фармондеҳи нерӯҳои заминии Вазорати дифоъ сарҳанг Маҳмадалӣ Ашӯров раҳбарӣ мекунад.
Бозиҳои байналмилалии артишӣ имсол 29 июл ҳамзамон дар панҷ кишвар — Русия, Белорус, Қазоқистон, Озарбойҷон ва Чин оғоз меёбанд. Дар ин бозиҳо намояндагони нерӯҳои заминии 19 кишвар бо якдигар мусобиқа хоҳанд кард.
Сарбозҳои Тоҷикистон танҳо дар як мусобиқа аз ин бозиҳо — "Биатлони танкӣ" ширкат хоҳанд кард, ки дар размоишгоҳи "Алабино" дар вилояти Маскав баргузор мешавад.
Бино бар натоиҷи қуръакашӣ, зиреҳпӯшҳои тоҷик бо ҳамтоёнашон аз кишварҳои африкоии Ангола, Уганда ва Лаос зӯрозмоӣ хоҳанд кард. Ҳар гурӯҳе, ки пирӯз шуд бо гурӯҳи пирӯзшуда дар зӯрозмоии дастаҳои Озарбойҷон, Кувейт, Муғулистон ва Чин мусобиқа хоҳад кард.
Зиреҳсаворони Белорус, Ҳинд ва Чин бо танкҳои худашон мусобиқа хоҳанд дод. Дигар кишварҳо аз танкҳои Т-72Б баҳра хоҳанд гирифт, ки дастаи мунтахаби Русия барояшон хоҳад дод.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаҳои порсол ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт, вале фаротар аз он нарафт.