ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Модели тоҷик Парвина Саидова аксеро бо пироҳани арӯсӣ дар саҳифа Instagram мунташир кард.
Худи Парвина баъд аз гузоштани ин акс гуфт, ин пироҳан барои фотосессияи маҷаллаи "Домоду арӯс" гирифта шудааст.
"Ба ман аллакай чанд кас занг зада, шодбош гуфтанд. Ин акс барои маҷаллаи "Жених и нивеста" гирифта шудааст",- афзуд вай.
Чанде пеш Парвина Саидова дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон хабари шавҳар карданашро тасдиқ карда буд. Зебосанам гуфта буд, дар бораи пӯшидани пироҳани арӯсӣ чизе гуфта наметавонад.
Ҳоло бошад мегӯяд, "агар маъракаи хурсандӣ барпо кардам, ҳатман дар сафҳаи фейсбукиам хабар медиҳам".