ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон эълом карда, ки имрӯз дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда буда, дар бархе аз ноҳияҳо борон хоҳад борид. Ҳаво дар ғарби ВМКБ 30 то 35 дараҷа ва дар шарқи он 17 то 22 дараҷа гарм хоҳад буд.
Дар вилояти Хатлон ҳаво камабр шуда, дар водиҳо 38 то 43 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, 36 то 41 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар ноҳияҳои тобеъи марказ низ ҳаво абрнок шуда, дар водиҳо 35 то 40 дараҷа гармо пешбинӣ мешавад.
Дар шаҳри Душанбе низ ҳаво тағйирёбанда хоҳад буд ва 38 то 40 дараҷа гарм хоҳад шуд.