Эмомалӣ Раҳмон зодрӯзи Шавкат Мирзиёевро табрик гуфт

© Фото : Официальная страница главы РТ в FacebookПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон и глава Узбекистана Шавкат Мирзиёев
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и глава Узбекистана Шавкат Мирзиёев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев телефонӣ суҳбат карду зодрӯзашро табрик гуфт

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Бино ба иттилоъи хадамоти матбуъотии раисҷумҳур, сарвари давлати Тоҷикистон 60-умин солгарди зодрӯзро бо беҳтарин таманниёт ба раисҷумҳури Узбакистон табрик гуфт.

Ба гузориши манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти самарабахши Шавкат Мирзиёевро дар симати кишвардорӣ дар роҳи таъмини рушди устувори иҷтимоъиву иқтисодии Узбакистон сутуда ва бар таъсири он дар таҳкими обрӯи кишвараш дар арсаи байналмилалӣ таъкид кардааст.

Премьер-министр Узбекистана Шавкат Мирзиеев - Sputnik Тоҷикистон
Шавкат Мирзиёев 60-солагиашро ҷашн мегирад

Ҳамзамон манфиатдорӣ ба тавсеаву такомули пайгиронаи тамоми маҷмӯи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ, ҳамчунин ҳамкориҳои мутақобилан судманд иброз гардида, ҷиҳати пешбурди муштараки ин раванд изҳори умед карда шуд.

Дар ин замина сарони давлатҳо ҷиҳати саъю талошҳои муштараки минбаъда ба хотири густариши беш аз пеши муносиботи шарикии ду кишвар мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони бародар, ки робитаҳояшон решаҳои амиқи таърихӣ доранд, изҳори ақида намуданд.

Лентаи хабарҳо
0