ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии мақомоти вилояти Суғд, сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравиро ба Толиб Озарахш ва Анвар Олим раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ тақдим намуда, ба саҳми онҳо дар тарбияи маънавии ҷомеа ва эҷодкорони ҷавон баҳои баланд додааст.
Озарахш яке аз шоирони маъруф аст ва китобҳои шеъраш бо номҳои "Аз чашмасор омадам", "Намози мусофир", "Чархболи офтоб", "Ҷӯйбори сари хирман" ва "Девони ишқ" нашр шудаанд. Намунаҳо аз ин китобҳо бо забонҳои русӣ, инглисӣ, олмонӣ, арабӣ ва узбакӣ тарҷумаву нашр шудаанд.
Ӯ соли равон барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода гардид.
Анвар Олим низ аз нависандагони номдор буда, муаллифи маҷмӯаҳои қиссаву ҳикояҳои "Вақти гули зардолу", "Бачаи лалмӣ", "Моҳмомо" мебошад. Осори Анвар Олим бо забонҳои русӣ, украинӣ, узбакӣ тарҷума шудааст.
Мавсуф барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Раҳим Ҷалил аст.