ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Варзишкори тоҷик дар сабқати навбатии ҷудо, ки дар Флоридаи Амрико барпо шуд, ширкат карда, соҳиби мақоми аввал шуд.
Дар ин бора варзишкор дар саҳифаи фейсбукаш хабар дода менависад, ки "Алҳамдуллилоҳ. Имрӯз ман аз пирӯзӣ дар сабқати "Ҷоми Амрико" шодам. Ман Худои таъолоро шукр мегӯям, ки бароям чунин волидон, дӯстдухтару рафиқон додааст, ки онҳо маро дастгирӣ мекунанду ба пирӯзиям бовар доранд".
Ёдовар мешавем, ки Қурбонмаҳмадов моҳи майи соли равон дар як сабқати байнулмилалӣ оид ба ҷудо соҳиби ду медал шуд.
Моҳи апрел Хушбахт Қупбонмамадов дар яке аз сабқатҳо нуҳ рақиби худро шикаст дода соҳиби медали тилло шуд. Ёдовар мешавем, ки ин ғолибияти нахустини Хушбахт набуда, қаблан ӯ дар сабқатҳои бонуфуз соҳиби чандин медал гардида буд.
Хушбахт Қурбонмамадов дар Амрико боз медали тилло ба даст овард
Хушбахт нахуст дар мусобиқаи "The Big Apple Judo Classic-2016" дар Ню-Йорк дар вазни то 66 кг мақоми аввалро касб карда, бо медали тилло сарфароз гашт.
Инчунин ӯ дар мусобиқа дар вазни то 73 кг бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд. Баъдан Қурбонмамадов дар мусобиқаи дигар "51-st Annual Dallas invitational Judo", ки дар Техаси ИМА барпо гардид, барои ҷойи севум медали биринҷӣ гирифт.
Варзишгари тоҷик дар мусобиқаи "18-th Annual Northeastern Judo Championships", ки дар иёлоти Ню Ҷерсии ИМА доир шуд, боз соҳиби се медал гардид. Ӯ дар вазни то 66 кг барандаи медали тилло шуд, дар вазнҳои то 73 кг ва то 100 кг медалҳои биринҷӣ гирифт.