ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Бар асоси қарордоди ҳамкорӣ роҳҳои оҳани Эрону Афғонистон то авоили моҳи августи соли 2017 ба якдигар пайванд хоҳад шуд ва ба зудӣ аввалин қатори борӣ миёни ду кишвар ба рафту омад хоҳад пардохт.
Ба гузориши хабаргузории ИРНА, ин қарордодро 23 июл Саид Муҳаммадзода, мудиромили ширкати "Роҳоҳани Эрон" ва Муҳаммад Ямо Шамс, раиси роҳи оҳани Афғонистон, имзо кардаанд.
Бар пояи ин қарор, аз истгоҳи мусофирбарии шаҳристони Хоф дар Эрон то шаҳри Ҳирот дар Афғонистон ба дарозои 191 километр роҳи оҳан хоҳанд кашид, ки 114 килуметр аз он аз хоки Афғонистон ва 77 килуметр аз хоки Эрон хоҳад гузашт.